Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарҳо дар ростои тағйири режими истифодаи барқ


Ширкати давлатии "Барқи тоҷик" мегӯяд, ҳанӯз пешниҳодеро барои тағйири режими интиқоли нерӯи барқ дар кишвар омода накардааст. Ин дар ҳолест, ки хабаргузориҳо аз омодагиҳо ба тағйири режими интиқоли барқ иттилоъ додаанд. Дар ҳамин ҳол намояндаи Ширкати давлатии "Барқи тоҷик" ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, тасмими барнома дар ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон хоҳад буд. Режими интиқоли маҳдуди нерӯи барқ аввали моҳи ноябри соли гузашта оғоз ва дар моҳи марти соли 2010 ба поён расида буд. Бино бар он ба ҳар минтақаи деҳотии Тоҷикистон на камтар аз 7 соат нерӯи барқ дода мешуд ва соли гузашта аввалин бор дар чанд соли охир ва пас аз оғози кори нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда 1" шаҳри Душанбе ва маркази вилоятҳо аз ин режим озод буданд.
XS
SM
MD
LG