Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи Аврупо ва Амрико аз натиҷаҳои ҳамапурсии Туркия


Иттиҳодияи Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз натиҷаҳои назархоҳии умумии ислоҳи Қонуни асосии Туркия истиқбол карданд. Тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии ин кишвар қудрати ҳарбиёнро маҳдуд ва низоми адлияро иваз хоҳад кард. Дар назарсанҷии умумӣ 77 дарсади раъйдиҳандагон ширкат кардаанд

Натиҷаҳои пешкӣ нишон медиҳанд, ки 58 дарсади туркҳо аз ислоҳоти Қонуни асосӣ пуштибонӣ кардаанд. Бино бар он ҳарбиён, дар додгоҳҳои мулкӣ ҷавобгӯ хоҳанд буд. Гуфта мешавад, дар назарсанҷии умумӣ 77 дарсади раъйдиҳандагон ширкат кардаанд.

Бо истиқбол аз ин натиҷаҳо, сарвазир Раҷаб Тайиб Эрдуғон, гуфт, "демократяи туркӣ" дар он "пирӯз" омад. Аммо мухолифон ҳарос доранд, ки ислоҳоти қонуни асосӣ ҳизби Адолат ва тараққии Эрдуғонро, ки решаҳои исломӣ дорад, тақвият хоҳад дод.

Ба гуфтаи оқои Эрдуғон гуфт, тақрибан 78 дар сади мардум дар ҳамапурсӣ ширкат кардаанд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико зимни гуфтӯгуи телефонӣ бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон “аз демократияи пуртаҳҳаруки Туркия” ситоиш кардааст. Давлати Туркия мегӯяд, ҳамапурсӣ дар ҷиҳати эҷоди низоми демократӣ ва поён додан ба нақзи ҳуқуқи башар ва ғалаба ба мероси диктатории низомиён аст.

Аммо аҳзоби мухолиф ва низомиёни Туркия мегӯянд, Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Ҳизби адолат ва тавсиаи ӯ, ки решаҳои исломӣ дорад, мехоҳанд, дар қудрат бимонанд ва Туркияро аз низоми дунёвии он дур кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG