Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии дзю-до дар Токио, ки 13-уми сентябр ба анҷом расид, ноком шуданд. Сабқати ҷаҳонӣ дар пойтахти Ҷопон бо ширкати 848 варзишгар (307 зан ва 541 мард) аз 111 кишвари ҷаҳон баргузор шуд.

Ширинҷон Мамадсафоев, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, дар мусобиқоти қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон байни мардон, Тоҷикистонро 9 варзишгар намояндагӣ карданд.

Вай афзуд, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар Ҷамшед Халилов дар вазни то 60 кг, Фаррух Собиров дар вазни то 66 кг, Расул Боқиев ва Саидҷалол Саидов дар вазни то 73 кг, Шералӣ Бозоров ва Фарҳод Раҳимов дар вазни то 81 кг, Муҳаммад Абдураҳмонов дар вазни то 100 кг, Маҳмадамин Хонов ва Абубакр Раҳмонов дар вазни беш аз 100 кг дохил буданд.

Ҳафт паҳлавони тоҷик дар ин мусобиқот дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрданд. Аз ҷумлаи онҳо Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин, дар даври аввал аз рақибаш Гуи-Ман Банг (Кореяи Ҷанубӣ), ки дар рейтинг ё феҳрасти ҷаҳонии дзю-до дар вазни то 73 кг дар ҷои дуввум аст, мағлуб шуд.

Саидҷалол Саидов дар рақобатҳо дар вазни то 73 кг пас аз пирӯзӣ бар ду рақибаш аз Австралия ва Гана дар даври 1/8 ниҳоӣ аз гуштигири Ҷопон шикаст хӯрд.

Паҳлавони дигари тоҷик Ҷамшед Халилов бошад, дар вазни то 60 кг дар даври аввал бар намояндаи Мадагаскар дастболо шуд, вале дар даври дувум аз варзишгари Гана мағлуб гардид.

Ба иттилоъи Ширинҷон Мамадсафоев, ба иллати лат хӯрдани Абубакр Раҳмонов, ба ҷои ӯ дар сабқати вазни мутлақ, ки 13-уми сентябр доир шуд, Маҳмадамин Хонов қувваозмоӣ кард. Вале ӯ дар даври аввал аз паҳлавони Кореяи Ҷанубӣ шикаст хӯрд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқот байни мардон

Вазни то 60 кг. 1. Ришод Собиров (Узбакистон). Георгий Зантария (Украина). 3. Арсен Галстян (Русия) ва Хироаки Хираока (Ҷопон).
Вазни то 66 кг. 1. Тсзунпей Морисита (Ҷопон). 2. Леандро Куня (Бразилия). 3. Луи Корвал (Фаронса) ва Тсаганбаатар Хашбаатар (Муғулистон).
Вазни то 73 кг. 1. Хироюки Акимото (Ҷопон). 2. Декс Элмонт (Ҳолланд). 3. Ясухиро Авано (Ҷопон) ва Ки Чун Ван (Кореяи Ҷанубӣ).
Вазни то 81 кг. 1. Ҷей Бум Ким (Кореяи Ҷанубӣ). 2. Леандро Гулхейро (Бразилия). 3. Эван Бартон (Британияи Кабир) ва Масахиро Такамасу (Ҷопон.
Вазни то 90 кг. 1. Илиас Илиадис (Юнон). 2. Дайки Нисияма (Ҷопон). 3. Кирилл Денисов (Русия) ва Илҳом Мамадов (Озарбойҷон).
Вазни то 100 кг. 1. Такамаса Анаи (Ҷопон). 2. Хенк Грол (Ҳолланд). 3. Орейди Деспейн (Куба) ва Тйерри Фабре (Фаронса).
Вазни беш аз 100 кг. 1. Тедди Ринер (Фаронса). 2. Андреас Толсер (Олмон). 3. Матйе Баталле (Фаронса) ва Ислом Ал-Шеҳабӣ (Миср).
Вазни мутлақ. 1. Дайки Камикава (Ҷопон). 2. Тедди Ринер (Фаронса). 3. Кейдзи Сузуки ва Хироки Тачияма (ҳарду – Ҷопон).

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG