Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии дигари «Истиқлол» дар сабқати Ҷоми Тоҷикистон


Бозиҳои аввали ниманиҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2010 бо ширкати чаҳор даста - «Истиқлол»-и Душанбе, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Рангонгаз»-и Рӯдакӣ баргузор шуданд.

Дастаи «Истиқлол», барандаи кунунии Ҷоми Тоҷикистон, 12-уми сентябр дар варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар бар тими «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби 3-0 пирӯз шуд.

Голҳоро Фатҳулло Фатҳуллоев (дақиқаи 16-ум), Дилшод Восиев (39) ва Худойдод Нусратов (82) ба самар расонданд.

Дар бозии дигар, дастаи лигаи олӣ - «Хуҷанд» дар майдони худ бар тими лигаи аввал - «Рангонгаз» бо ҳисоби 4-3 ғалаба кард. Бояд гуфт, ки се голро меҳмонон дар нимаи дуввуми бозӣ ба самар расонданд.

Дар бозиҳои ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон, 15-уми сентябр «Рангонгаз» дар майдони худ бо «Хуҷанд» ва 16-уми сентябр «Регар-ТадАЗ» бо «Истиқлол» рақобат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG