Пайвандҳои дастрасӣ

"Хуруҷи қабл аз вақт аз Афғонистон тундравонро тақвият хоҳад кард"


Лиам Фокс, вазири дифои Бритониё гуфтааст, ки муборизаи Бритониё алайҳи террроризм дар Афғонистон поёни талошҳои он кишвар нахоҳад буд ва ба гуфтаи вай, Бритониё худро барои ин гуна мубориза дар соири нуқоти ҷаҳон омода месозад.

Оқои Ғокс дар гирдиҳамоии пажӯҳишгоҳи ҷаҳонии мутолеъоти странегӣ гуфт, ки агар сарбозони бритониёӣ то қабл аз соли 2015 аз Афғонистон хориҷ шаванд, тундравон дар ин кишвар тақвият хоҳанд шуд.

Бо терроризми интиқолӣ мубориза идома хоҳад дошт

Вазири дифои Бритониё дар Женева ба стратегистҳо ва афсарони низомӣ гуфт, барномарезони дифоъии Бритониё, ки авлавиятҳои низомии ин кишварро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд, рӯи ин эҳтимол низ фикр мекунанд, ки нерӯҳои бритониёӣ дар оянда дар кадом нуқтаҳои дигар ҷаҳон боз ҳам даргир хоҳанд шуд.

Вай гуфт, бо терроризми интиқолӣ муборизаи тӯлонӣ хоҳанд дошт, ки дар дарозмуддат дар нуқоти мухталифи ҷаҳон зоҳир хоҳад шуд.

Вай афзуд, ки яке аз омӯхтаҳои гузаштаи наздики умури дифоӣ ва низомии Бритониё ин буда, ки то замоне нерӯҳои размӣ эъзом нашаванд, мақомот барои пешбурди умур, васоил ва имконоти лозимро ба ин нерӯҳо фароҳам накардаанд.

Вай гуфт, ин яке аз мавридҳое аст, ки дар баррасии ҷадиди Бритониё дар мавриди он сӯҳбат мешавад, зеро ба гуфтаи вай ин охирин бозӣ нахоҳад буд, ки бо чунин вазъияте бар мехӯрад.

Кишварҳо ҷангро бо майли худ интихоб намекунанд

Вазири дифоъи Бритониё ҳамчунин гуфт, дар сатҳи ҷаҳон рағбат барои мудохила коҳиш ёфтааст, аммо ба гуфтаи вай, аксаран ҷанг чизе нест, ки кишварҳо онро ба майли худ интихоб кунанд.

Фокс бо ишора ба ҳамлаҳои 11-и сентябри соли 2001 гуфт, ҳеҷ кас тасаввур намекард, ки ИМА рӯзе ба Афғонистон хоҳад рафт, аммо воқеъаҳое, ки дар зарфи чанд соат рух дод, ҳама чизро тағйир дод.

Фокс гуфт, нерӯҳои амниятии Афғонистон то соли 2015 омӯзиш хоҳанд дид, мусаллаҳ ва муҷаҳҳаз хоҳанд шуд, то масъулияти амниятии кишварашонрон ба ӯҳда бигиранд.

Аммо вай гуфт, хуруҷи нерӯҳо пеш аз соли 2015 аз Афғонистон, пешрафти кунунӣ ва аҳдофи амниятияшонро аз байн хоҳад бурд.
XS
SM
MD
LG