Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориш аз вазъи бади боздоштшудагон дар Ироқ


Созмони Авфи Байналмилал мегӯяд, ба маҳбусон дар боздоштгоҳҳои Ироқ ба таври фарогир бадрафторӣ мекунанд. Дар гузориши тозаи ин созмони ҳомии ҳуқуқи инсон омадааст, боздоштшудагони ироқӣ солҳо бидуни муҳокима дар зиндон мемонанд, ба бадрафториву шиканҷа рӯ ба рӯ мешаванд ва ба кӯмаки ҳуқуқӣ ва ё хешовандонашон ниҳоят кам дастрасӣ доранд. Авфи Байналмилал мегӯяд, бисёре аз боздоштшудагон, суннимазҳбоне ҳастанд, ки ба кӯмак ба шӯришиён муттаҳам мешаванд. Ҳамчунин садҳо боздоштшудаи шиъамазҳабе ҳам будаанд, ки ба узвият дар гурӯҳи Артиши Маҳдӣ, гурӯҳи шибҳанизомии Муқтадо Садр, рӯҳонии зиддиамрикоӣ муттаҳам шудаанд. Ҳукумати Ироқ то кунун ба ин гузориш вокунише нишон надодааст.
XS
SM
MD
LG