Пайвандҳои дастрасӣ

Натиҷаҳои ҳамапурсии Туркияро эълом мекунанд


Имрӯз натиҷаҳои раъйпурсӣ дар мавриди ислоҳи Қонуни асосии Туркияро эълом мекунанд, ки тағйири низоми додгоҳӣ ва маҳдуд кардани қудрати низомиёнро дар назар дорад. Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, нахуствазири Туркия, гуфт, бино ба натиҷаҳои муқаддамотии ҳамапурсӣ 58 дар сади мардум ба ислоҳот дар Қонуни асосӣ мувофиқат кардаанд ва ӯ натиҷаи мазкурро, “марҳилаи сарнавиштсозе” барои демократия дар Туркия хонд. Оқои Эрдӯғон гуфт, тақрибан 78 дар сади мардум дар ҳамапурсӣ ширкат кардаанд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико зимни гуфтӯгуи телефонӣ бо Раҷаб Тайиб Эрдӯғон “аз демократияи пуртаҳҳаруки Туркия” ситоиш кардааст. Давлати Туркия мегӯяд, ҳамапурсӣ дар ҷиҳати эҷоди низоми демократӣ ва поён додан ба нақзи ҳуқуқи башар ва ғалаба ба мероси диктатории низомиён аст. Аммо аҳзоби мухолиф ва низомиёни Туркия мегӯянд, Раҷаб Тайиб Эрдӯғон ва Ҳизби адолат ва тавсиаи ӯ, ки решаҳои исломӣ дорад, мехоҳанд, дар қудрат бимонанд ва Туркияро аз низоми дунёвии он дур кунанд.
XS
SM
MD
LG