Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастур ба бонкҳо ҷиҳати тобовар шудан ба бӯҳронҳо


Ба бонкҳои бузурги ҷаҳонӣ дастур додаанд, ки захираҳои молиашонро афзоиш диҳанд, то дар сурати бӯҳроне мӯҳтоҷи кӯмакҳои давлатӣ нашаванд. Танзимгарони фаъолияти бонкҳо, ки ин дастурро доданд, рӯзи якшанбе дар шаҳри Базели Швейтсария гирди ҳам омада, иқдомот ҷиҳати ҷилавгирӣ аз такрори бӯҳрони молӣ дар ҷаҳонро баррасӣ карданд. Нозирони бонкҳо умедворанд, ки дастури нав, сабаби аз муомилаҳои пурхатар парҳез кардани бонкҳо мешавад ва сармояҳои онҳоро афзуда, онҳоро ба бӯҳронҳои молӣ тобовар мекунад.
XS
SM
MD
LG