Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон мегӯяд, шаҳрванди Амрикоро раҳо мекунад


Давлати Эрон гуфтааст, ҳозир аст, хонум Сара Шруд, кӯҳнаварди боздоштшудаи амрикоиро бо васиқаи 500 ҳазор долларӣ озод кунад. Аббас Ҷаъфари Давлатободӣ додситони Теҳрон, ба расонаҳои давлатии Эрон гуфтааст, ки тасмими раҳоии Сара Шруд, баъди таъйиди бемории ӯ аз тарафи додрас гирифта шуд. Ба гуфтаи модараш, Сара Шруд гирифтори бемориҳои ҷиддӣ аз ҷумла варами сина шудааст. Дейвид Акселрод, мушовири Кохи Сафед гуфт, Амрико умедвор аст, ки Эрон Сара Шрудро раҳо мекунад. Ин кӯҳнаварди амрикоиро бо ду ҳамроҳаш Шон Байер ва Ҷош Фатал моҳи августи соли 2009 марзбонони эронӣ дар маҳалли наздик ба марзи Ироқ боздошт карданд. Теҳрон онҳоро ба убури ғайриқонунии марз ва ҷосусӣ муттаҳам кардааст, вале ин се нафар мегӯянд, тасодуфан вориди қаламрави Эрон шудаанд.
XS
SM
MD
LG