Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия қимати газ барои Арманистонро бознигарӣ мекунад


Тигран Саркиссиён, нахуствазири Арманистон, гуфт, зоҳиран Русия қимати гази содиротиаш барои он кишварро соли оянда боло хоҳад бурд. Ӯ ба бахши армании Радиои Озодӣ гуфт, зимни сафари Дмитрий Медведев ба Арманистон дар моҳи август, масъалаи қимати газро бо ӯ баррасӣ кардааст. Ҳафтае пеш аз ин Андрей Кругов, ноиби мудири Газпром, гуфт, ширкати мазкур азм дорад, сар аз соли оянда газро ба Арманистону Молдова ва Ҷумҳурии Белорус бо қимати бозорҳои ҷаҳонӣ бифурӯшад. Ҳоло Арманистон барои ҳар ҳазор метри мукааб гази табиӣ ба Русия 180 доллар мепардозад, аммо муштариёни аврупоии Газпром 308 доллар, ки ширкат зоҳиран ҳамин нархро барои он се ҷумҳурӣ дар назар доштааст.
XS
SM
MD
LG