Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонии амрикоӣ мегӯяд, Қуръонсӯзӣ як "фалокат" мешуд


Як рӯҳонии мӯътабари мусулмонон дар Амрико мегӯяд, ба оташ андохтани Қуръон дар ҷаҳони ислом “як фалокат”-ро бармеангехт. Имом Файсал Абдулрауф, ки муаллифи тарҳи бунёди масҷид дар наздикии маҳалли вуқӯъи ҳамлаҳои 11 сентябр дар Ню Йорк аст, ба телевизиони Эй Би Си гуфт, “Қуръонсӯзӣ тундравонро қавитар ва эҳтимоли амалҳои терорристӣ алайҳи Амрико ва манофеъи Амрикоро бештар мекард.“ Як кашиши калисои хурде дар Амрико эълом карда буд, ки дар рӯзи 11 сентябр нусхаҳони Қуръонро ба оташ меандозад, вале баъди вокунишҳои зиёди манфӣ ва даъватҳои зиёди сиёсатмадорону маҳофили мухталиф аз ин иқдомаш даст кашид. Рӯзи гузашта дар як тазоҳуроти мухолифони ин иқдом дар вилояти Лугари Афғонистон ду нафар аз тазоҳургаронро куштанд.
XS
SM
MD
LG