Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нетаняҳу: "Шаҳраксозиҳо комилан муттавақиф нахоҳад шуд"


Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, дирӯз гуфт, маҳдудиятҳои феълӣ дар шаҳраксозиҳо дар Канори Ғарб барҷой намемонад. Ӯ ба Тонӣ Блейр, фиристодаи махсус дар умури сулҳи Ховари Миёна гуфт, фаластиниён мехоҳанд, то шаҳраксозиҳо комилан муттавақиф шавад, аммо ба гуфтаи ӯ “чунин чизе нахоҳад шуд”. Бенямин Нетаняҳу афзуд, хотимаи шаҳраксозиҳо ба зиндагии даҳҳо ҳазор хонавода таъсири манфӣ хоҳад гузошт. Маҳдудиятҳои 10 моҳа дар бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар Канораи Ғарб аз тарафи Исроил ҳамин моҳ ба поён мерасад ва ин мавзӯъ мояи аслии ихтилофи назар дар музокироти мустақими сулҳ миёни Исроилу Фаластиниён аст.
XS
SM
MD
LG