Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти ширкатдорони "Рӯзи хашм" дар Маскав


Кормандони милиса дар маркази шаҳри Маскав ширкаткунандагони ҳамоиши мухолифин – “Рӯзи хашм”-ро боздошт мекунанд. Ду тан аз созмондиҳандагони ҳамоиш – Сергей Удалсов ва Константин Косякин аллакай дастгир шуда ба шӯъбаи милиса интиқол ёфтаанд. Сергей Удалсов дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки кормандони милиса дағалона рафтор кардаанд.
Дар майдони назди шаҳрдории Маскав, бо вуҷуди мухолифати мақомоти маҳаллӣ, садҳо нафар ҷамъ омадаанд. Шиори асосии ҳамоиш – “Маскав бидуни Лужков!” аст. Мухолифин хостори истеъфои мири Маскав Юрий Лужков, интихоботи қабл аз вақти Думаи шаҳрӣ ва густариши ваколати сохторҳои маҳаллӣ шудаанд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, қабл аз шурӯъи ҳамоши эътирозӣ даҳҳо автобус бо кормандони милиса ба майдони назди шаҳрдорӣ омаданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG