Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи бенизомиҳо дар Кашмири Ҳиндустон


Дар чанд шаҳри аёлати Ҷамму ва Кашмири Ҳиндустон, бо вуҷуди ҷорӣ шудани қуюди шабгардии шабонарӯзӣ, бенизомиҳо идома доранд. Садҳо эътирозгарон ҷамъ омада, сӯи кормандони полис санг меандозанд. Имрӯз кормандони полис ҳангоми дифоъ аз манзили вазири маорифи Кашмир сӯи намоишгарон оташ кушоданд. Гуфта мешавад, ки дар ин ҳодиса 20 нафар, аз ҷумла, як корманди полис ҷароҳат бардоштаанд.
Намоишҳои густарда алайҳи сиёсати ҳукумати Ҳиндустон дирӯз шурӯъ шуданд. Даҳҳо ҳазор нафар ба хиёбонҳои шаҳри Сринагар рехтанд. Сокинони Кашмир, ки он ҷо асосан мусалмонҳо ба сар мебаранд, талоши берун рафтан аз ҳайати Ҳиндустонро доранд.
XS
SM
MD
LG