Пайвандҳои дастрасӣ

КАМ: Боз ду маҳбуси фирорӣ боздошт шуданд


Бар асари амалиёти вижаи хадамоти амниятӣ ва ҳифзи тартиботи Тоҷикистон боз ду нафари аз маҳбаси Кумитаи амнияти миллии кишвар фироркарда боздошт шуданд. Нозирҷон Бӯриев, сарвари Раёсати робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки Саийдисмон Хуҷаев ва Толибшо Найимов дар ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон ба даст уфтоданд. Ӯ афзуд, ки онҳо ҳангоми боздошт муқовимати шадид нишон доданд ва "аммо кормандони амниятӣ бо истифода аз мавориди ҷангӣ ҳадди имкон кӯшиш карданд, ки онҳо зинда дастгир карда шаванд".
Аз ин пеш чаҳор нафар аз фирориён – Иброҳим Насриддинов, маҳбуси собиқи Гуантанамо, Абдурасул Мирзоев, бародари фармондеҳи пешини Горди миллии Тоҷикистон Ғаффор Мирзоев ва ҳамчунин Зайдулло Азизов ва шаҳрванди Русия Муҳаммад Аҳмадов дар навоҳии Ваҳдату Файзобод ва дар шаҳри Душанбе боздошт шуда буданд.
Ёдовар мешавем, шаби 23 август 25 маҳбус аз зиндони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон фирор карданд. Ҳангоми фирор онҳо як нозири зиндони Кумитаи амнияти миллӣ ва чаҳор муҳофизи боздоштгоҳи вазорати адлияро ҳадафи тир қарор доданд.
XS
SM
MD
LG