Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бархӯрди албаниҳову сербҳо дар Митровитса


Шоми дирӯз дар шаҳри Косовска-Митровитсаи Косово албаниҳо ва сербҳои маҳаллӣ вориди бархӯрд шуданд. Хабаргузории
Associated Press бо такя ба полиси маҳаллӣ иттилоъ дод, ки баъд аз пирӯзии дастаи баскетболи Туркия аз болои дастаи Сербия дар чемпионати ҷаҳон, албаниҳо ба хиёбонҳо рехта. ин пирӯзиро таҷлил намуданд. Баъд аз чанд муддат онҳо ва сербҳои маҳаллӣ сӯи ҳамдигар сангпартоӣ карданд. Гуфта мешавад, дар ин шаҳр, ки ба қисматҳои албанӣ ва сербӣ тақсим шудааст, тирпаронӣ ба гӯш расид. Кормандони полис ҷароҳат бардоштани як сербро тасдиқ карданд. Ба хотири хатми низоъ нерӯҳои полиси байнулмилалӣ ва низомиёни НАТО ба ҷойи ҳодиса фиристода шуданд.
XS
SM
MD
LG