Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти ду маҳбуси фирорӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ


Саидисмон Хӯҷаев

Саидисмон Хӯҷаев

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон хабари боздошти ду нафари дигар аз 25 фирории боздоштгоҳи муваққатии ин кумитаро тасдиқ кард. Нозирҷон Бӯриев, сардори Идораи робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи амният, гуфт, маҳбусони фирорӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дастгир шудаанд.

Ҷаноби Бӯриев зимни сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, дастгиршудагон Наимов Толибшо Аламовичи 33-сола, зодаи ноҳияи Тавилдара ва Хӯҷаев Саидисмон Абдураҳмоновичи 32-сола, зодаи ноҳияи Панҷ мебошанд.

Ба гуфтаи ин сарчашма, маҳбусони фирорӣ ҳангоми амалиёт ба кормандони кумитаи амният муқобилияти шадид нишон додаанд ва пас аз дастгиршавӣ аз онҳо як автомати Калашников ва таппончаи навъи Макаров мусодира шудааст.



Оқои Буриев афзуд, амалиёти ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Ҷомӣ ва атрофи он идома дорад, зеро аз эҳтимол дур нест, ки дигар фирориён ё ёрони боздоштшудагон низ дар ҳамин мавзеъ паноҳ бурда бошанд.

Хабари боздошти ду маҳбуси фирорӣ дар вилояти вилояти Хатлон дар ҳолест, ки қаблан Кумитаи амният дар бораи боздошти 2 фирории дигар - шаҳрванди Тоҷикистон Зайдуллоҳ Азизов ва шаҳрванди Доғистони Русия Магомед Аҳмадов дар шаҳри Душанбе иттилоъ дода буд.

Ба гуфтаи Нозирҷон Бӯриев, сардори Идораи робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, фирориён дар пойтахти кишвар бо кӯмаки мардуми маҳаллӣ дастгир шудаанд. Телевизиони Тоҷикистон баъд аз боздошти Азизов ва Аҳмадов онҳоро зимни як барнома намоиш додааст.

Толибшо Наимов
ИДОМАИ ҶУСТУҶӮИ 19 НАФАРИ ДИГАР


Ҳамин тариқ аз 25 маҳбусе, ки рӯзи 23-юми август баъд аз куштори 5 нозир аз боздоштгоҳи тафтишоти пешакии Кумитаи амнияти миллӣ фирор карда буданд, 6 нафар дастгир шудаанд.

Қаблан, рӯзи 2 сентябр, ниҳодҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Иброҳим Насриддинов, яке аз се муттаҳамони ташкили фирор аз боздошгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро дар ноҳияи Файзобод боздошт карда буд. Ҳафтаи равон ин нерӯҳо Абдурасул Мирзоев, бародари фармондеҳи собиқи Горди милии Тоҷикистон Ғаффор Мирзоевро дастгир кардаанд.

Дар ин робита Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилиаи Тоҷикиcтон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, боздошт дар қаламрави ноҳияи Файзобод, 50-километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон аз сӯи нерӯҳои махсуси ин вазорат анҷом ёфтааст. Ҳамзамон ӯ иқрор кард, ки барои ҳифзи рози амалиёти махсус маҳалли дақиқи боздоштҳо ифшо намешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG