Пайвандҳои дастрасӣ

Дипломати эронӣ аз мақомаш истеъфо дод


Дипломати эронӣ Ҳусейн Ализода аз мақоми консул дар Финляндия истеъфо дод ва ба “Ҷунбиши сабз”-и мухолифи ҳукумат пайваст. Дар ин бора худи Ализода ба хабаргузориҳо иттилоъ дод.
Вазорати умури хориҷии Эрон рӯзи шанбе изҳор намуд, ки мӯҳлати кори Ҳусейн Ализода дар Финляндия 20 август анҷом ёфта буд ва аммо бо сабабҳои хонаводагӣ тамдид карда шуд. Намояндаи вазорат ҳамчунин гуфт, ки сабабҳои истеъфои дипломат таҳқиқ мешавад. Моҳи январи соли равон Муҳаммадризо Ҳайдарӣ, корманди сафорати Эрон дар Норвегия, низ аз мақомаш истеъфо дода, хостори паноҳандагии сиёсӣ дар ин кишвар шуда буд.Ба навиштаи хабаргузориҳо, Ҳусейн Ализода алҳол аз ягон кишвар хостори паноҳандагӣ нашудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG