Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷасади боз се қурбонии таркиш дар лӯлаи газ ошкор шуд


Дар шаҳри Сан-Брунои канори Сан-Франсиско (аёлати Калифорнияи ИМА), ки рӯзи панҷшанбе дар лӯлаи интиқоли газ таркиш рӯх дода буд, ҷасади боз се қурбонии ин ҳодиса ошкор шуд ва, ба ин тариқ, теъдоди қурбониён ба 7 нафар расид. Ба иттилоъи расмӣ, шаш нафари дигар то ҳанӯз беному нишонанд.
Бар асари таркиш дар лӯлаи интиқоли газ даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштанд, беш аз 30 хона валангор шуд. Ҳадс зада мешавад, ки таркиш бар асари ихроҷи газ аз лӯла рӯх додааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG