Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сара Шурд баъди пардохти гаравпулӣ раҳо мешавад


Сара Шурд, сайёҳи амрикоӣ, ки ҳамроҳ бо ду шаҳрванди дигари ИМА беш аз як сол қабл дар Эрон боздошт шуда буд, фақат баъд аз пардохти 500 ҳазор доллар гаравпулӣ метавонад аз маҳбас раҳо шавад. Расонаҳои хабарии эронӣ бо такя ба изҳороти додситони шаҳри Теҳрон Аббос Ҷавҳарии Давлатободӣ навиштаанд, ки ба хонум Сара Шурд иҷозаи тарки Эрон ҳам дода хоҳад шуд.
Аз ин пеш хабаре пахш гардид, ки Сара Шурд дар зиндон мариз шудааст ва аз ин рӯ шояд рӯзи 11 сентябр ӯро озод кунанд. Ва аммо мақомоти Эрон гуфтанд, ки раҳоии хонуми амрикоӣ мавқуф гузошта шудааст.
Се шаҳрванди ИМА соли гузашта дар марз бо Ироқ боздошт шуда буданд. Теҳрон онҳоро дар убури ғайриқонунии марз ва ҷосусӣ айбдор мекунад. Ва аммо мақомоти ИМА ин иттиҳомро бепояву бунёд хондаанд. Пайвандони амрикоиҳои боздоштшуда мегӯянд, ки онҳо ҳангоми сайёҳат дар кӯҳистони Ироқ раҳгум зада, иштибоҳан вориди хоки Эрон шудаанд.
XS
SM
MD
LG