Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати панҷ мусаллаҳ аз зарбаи мушакӣ дар Покистон


Бар асари зарбаи мушакӣ дар шимолу ғарби Покистон панҷ мусаллаҳи мухолифи ҳукумат кушта шуданд. Тахмин зада мешавад, ки мушакандозӣ аз сӯи як ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоӣ сурат гирифтааст.
Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки як манзил дар деҳаи Невей Адда, воқеъ дар мавзеъи Даттахели канори шаҳри Мироншоҳ - маркази минтақаи қабиланишини Вазиристони шимолӣ ҳадафи ду зарбаи мушакӣ қарор дошт. Як намояндаи аршади нерӯҳои амниятии шаҳри Пешовар ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ки дар ин манзил мусаллаҳони мухолифи ҳукумат ҳузур доштанд.
XS
SM
MD
LG