Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳиби амрикоӣ: Қуръонро ҳеҷ гоҳ оташ нахоҳам зад


Мулоқоти роҳиб Террӣ Ҷонс бо раҳбари Ҷамъияти мусалмонони Флорида Имом Муҳаммад Мусрӣ

Мулоқоти роҳиб Террӣ Ҷонс бо раҳбари Ҷамъияти мусалмонони Флорида Имом Муҳаммад Мусрӣ

Рӯҳонии амрикоӣ Террӣ Ҷонс изҳор намуд, ки аз тасмими сӯзонидани нусхаҳои Қуръони маҷид дар солгарди ҳамлаҳои террористӣ ба ИМА комилан даст бардоштааст. Дар сӯҳбат бо хабарнигори шабакаи телевизионии амрикоии NBC ӯ гуфт, ки “китоби муқаддаси мусалмонҳоро на ҳоли ҳозир ва на ягон вақти дигар” оташ нахоҳад зад.

Иқдоми раҳбари як калисои кӯчак дар аёлати Флорида барои рӯзи 11 сентябр ба коми оташ афкандани нусхаҳои Қуръони маҷид мавриди интиқоди раҳбарони ИМА, ходимони сиёсиву мазҳабии кишварҳои гуногун гардид.

Дар кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Афғонистон ва Покистон, чандин намоиши эътирозӣ алайҳи тасмими роҳиби амрикоӣ доир шуд. Рӯзи шанбе дар вилояти Лугари Афғонистон издиҳоми ба хашм омада як постгоҳи пулис ва чандин мағозаро ба оташ кашид.

Тазоҳургарон дар шаҳри Файзобод - маркази вилояти Бадахшон баъд аз намози иди Фитр ба кӯчаҳо рехта, алайҳи пойгоҳи нерӯҳои олмонии таҳти фармони паймони низомии НАТО сангандозӣ кардаанд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, бар асари болои издиҳом тир андохтани нерӯҳои шахсии амниятӣ дар ин шаҳр 3 нафар захмӣ шудааст.

ОБАМА ТАСМИМИ СӮЗОНИДАНИ ҚУРЪОНРО МАҲКУМ КАРД


Дар остонаи ёдбуди қурбониёни ҳамлаи 11-уми сентябр раисиҷумҳури Амрико Барак Обама тасмими роҳиб Террӣ Ҷонс барои оташ задани нусхаҳои Қуръонро маҳкум кард.

Ӯ дар як нишасти матбуотӣ дар ин робита гуфт: "Кишвари мо ҳоло давраи душворро паси сар мекунад. Ва тавре дар ҳамин гуна лаҳзаҳо иттифоқ меуфтад, афроде пайдо мешаванд, ки бо эҳсоси одамон бозӣ мекунанд, мехоҳанд моро ҷудову кӯр бисозанд ва ба ин хотир бештар рӯи фарқ миёни мо тамаркуз мекунанд, на рӯи он омилҳое, ки моро бо ҳам мепайванданд. Аммо маҳз ҳоли ҳозир мо бояд беҳтарин сифатҳои худро намоиш диҳем, ба доми ин гуна найрангҳо наафтем. Мо бояд ҳамроҳ бошем, бояд паҳлӯ ба паҳлӯ мубориза барем".

Раисиҷумҳури Амрико гуфт, мусалмонони ИМА шаҳрвандони комилҳуқуқи ин кишваранд ва “то замоне ман раисиҷумҳур ҳастам, тамоми саъю кӯшишро ба харҷ хоҳам дод, то мардуми Амрикоро мутақоид созам, ки мо ҳама як миллатем”.

Барак Обама тасмими роҳибро мухолифи назари мардуми ИМА номид ва гуфт, кишвараш бо Ислом сари ҷанг надорад. Ӯ афзуд, Амрико на бо Ислом, балки бо гурӯҳҳои тундраве мубориза мебарад, ки таҳти шиорҳои мазҳабӣ ба даҳшатафканӣ машғуланд ва Исломро бадном мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG