Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поси хотири қурбониён дар Ню-Йорк ва Вошингтон


Дар ИМА ёдбуди қурбониҳои ҳамлаҳои террористии рӯзи 11 сентябри соли 2001 идома дорад. Дар шаҳри Ню-Йорк, дар ҷойи биноҳои Созмони ҷаҳонии тиҷорат, ки бар асари ҳамлаи ҳавопаймоҳо фурӯ рехтанд, маросими ёдбуд бо дақиқаи сукут шурӯъ шуд ва сипас ному насаби тақрибан се ҳазор қурбонии ҳамлаҳои террористӣ қироат шуд. Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, дар маросимҳои ёдбуд дар Пентагон, бинои вазорати дифоъи Амрико ширкат дошт. Аз ин пеш ӯ дар як паём мардуми кишварашро ба ваҳдату ягонагӣ даъват кард. Обама аз ҷумла гуфт, ки “мо бояд ҳамроҳ бошем, бояд паҳлӯ ба паҳлӯ мубориза барем. Мо намегузорем, ки сари мо тарс ҳукмрон бошад, мо онро бо умед ба фардо ва нақшаҳо бо хонаводаҳои худ, бо мардуми худ, бо фардои беҳтар барои худамон иваз хоҳем кард”.
11 сентябри соли 2001 гурӯҳе чанд ҳавопаймои мусофирбарро рабуда, онҳоро ба биноҳои мӯҳташами Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва Пентагон заданд. Як ҳампаймои дигари рабудашуда дар аёлати Панселвания суқут кард.
XS
SM
MD
LG