Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳарчанд аз ҳодисаи таркиш дар, шаҳри Хуҷанд наздик ба 10 рӯз сипарӣ шудааст, вале ҳанӯз мақомоти расмӣ, дар мавриди ин ҳамла ягон маълумоти мушаххас ироа накардаанд. Ин дар ҳолест, ки мардуми кишвар аз истифодаи чунин сабки ҷадид, ки хоси созмонҳои даҳшатафкан аст, ҳайратзадаанд ва аз мақомоти интизомӣ посухи дақиқро интизоранд.

Кумитаи амнияти милли Тоҷикистон мегӯяд, ба хотири халал ворид накардан ба рафти тафтишот, ҳанӯз аз баёни ҳар гуна итилои расмӣ ва ё фарзияе, худдорӣ меварзад.

Мақомот: Таркиш кори дасти хориҷиҳо нест

Ва аммо Маҳмудулло Асадуллоев- сухангӯи вазорати корхои дохилаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо РО гуфт, мақомот ин таркишро амали террористӣ дониста парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва тафтишот идома дорад.

Вай гуфт, рафти тафтишоти ин ҳодисаро шахсан вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зери назорати худ гирифтааст ва мақомот баъид медонад, ки ин кори дасти неруҳои хориҷӣ бошад.

«Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон худаш рафти тафтишотро зери контрол гирифтааст. Мо ҳоло гуфта наметавонем, ки воқеан он кори дасти кист ва ё кадом гурӯҳ аст, вале ҳамин чизро ба шумо дақиқан мегӯям, ки ин таркиш кори дасти хориҷиҳо нест ва аз хориҷ тарҳрезӣ нашудааст»

Чуноне хабар дода шуд, ахиран як гурӯҳи ношиноси исломӣ бо номи ҷамоати "Ансоруллоҳ", бомбгузории хунини шаҳри Хуҷандро бар ӯҳда гирифтааст.

Ин гуруҳ, ки худро «Ансоруллоҳ» номидааст, бо нашри як номае дар вебсайти «Кавказсентр» навиштааст, ҳамла ба шаҳри Хуҷанд қассос барои ҳамла ба мусулмонон дар кишвар аст. Дар ин нома ҳамчунин омадааст, ҳамлавар як нафар буд ва ӯ Абдуллоҳ ном дошт.

Оё ҷамоати "Ансоруллоҳ"вуҷуд дорад?

Аммо мавҷудияти чунин як гурӯҳи исломиро маҳофили динии Тоҷикистон, зери суол мебаранд ва нисбати он, замони пайдоиш ва аҳдофи он, изҳори беиттиллоӣ мекунанд.

Мақомоти Ҳизби Наҳзати Исломӣ ахиран дар робита ба ин хабари сайти интернетии Кавказсентр тариқи васоити ахбори умум, вокуниш нишон дода, ин хабарро шадидан маҳкум карданд. Онҳо ин хабарро ба ҷуз иғво, чизи беш намедонад. Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо РО дар ин маврид чунини гуфт.

«Мо дирӯз дар бораи ин хабар дарак ёфтем ва он гурӯҳ, ки номаш чуноне шумо фармудед Ансоруллоҳ... мо куллан дар бораи он иттило надорем. Агар он ба унвони як гурӯҳ ё ҳаракати исломӣ вуҷуд медошт, як кас не як кас онро медонист. Ва ба назари ман, ки ҳоло, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар саросари ҷаҳон кӯшишҳои исломситезӣ ба вуҷуд омадааст, мехоҳанд ба ҳар навъе набошад болои ислом ифлосиҳоро партояну сиёҳаш кунанд».

Оқои Ҳусайнӣ бар ин назар аст, ки омили аслии пайдоиши чунин ҳаракатҳо ва амалҳои даҳшатафканӣ, ки бо марги мардуми бегуноҳ анҷом меёбанд, беадолатиҳо дар низоми додгоҳӣ ва норизоятиҳои нисбати кори мақомоти интизомии кишвар аст, ки солҳои ахир хеле афзоиш ёфтаву боиси нигаронии мардуми кишвар гаштааст.

«Мо баробари шунидани ин хабар вокуниши сареъ нишон додем ва вақте аз мо назар пурсиданд, гуфтем, ки сабабҳо метавонанд зиёд бошанд, аммо яке аз онҳо ҳамин аст, ки шояд инҳо нафароне бошанд, ки аз мақомти судӣ ё интизомӣ беадолатиҳо дидаанд ё ҳукми ноодилонаву номувофиқ ба ҷинояташон дидаанд ва роҳи интиқомро пеш гирифтаанд. Дигар чизе буда наметавонад. Ба ин хотир, давлату ҳукумат бояд барои пеши роҳи чунин падидаҳоро гирифтан аввал мақомоти интизомӣ, системаи додгоҳиро як бор корашро бисанҷад ва хулоса барорад»

Дар ҳамин ҳол коршиносон мегӯянд барои нахустин бор аст, ки аз мавҷудияти чунин як гурӯҳ ё ҳаракати исломӣ хабар ёфтаанд.

Чаро маҳз расонаҳои русзабон хабарро пахш мекунанд?

Вале онҳо баъид медонанд, ки он ҳаракат ё гурӯҳе, ки худро бо номи мармузи «Ансоруллоҳ» муаррифӣ кардааст, воқеан гурӯҳи исломӣ бошад ва ё бо ислом ягон иртиботе дошта бошад.

Онҳо мутмаин бар инанд, ки ин гурӯҳи ҷиноятпешаест, ки худро дар пушти ислом панаҳ сохтаву бадин васила мехоҳад исломро бадном кунад.

Шарофиддини Самеъ, як ҷавони тоҷик, ки хатмкардаи яке аз донишгоҳҳои исломӣ дар Арабистон аст мегӯяд, вай то андозае дар мавриди тамоми ҳизбу ҳаркат ва гуруҳҳои исломӣ, таърихи пайдоиш ва фаъолияту ҳадафҳои онҳо иттило дорад, вале чунин гурӯҳеро бо номи "Ансоруллоҳ" намедонад.

Оқои Самеъ афзуд, ҳамин чиз боиси ҳайрати ӯ шудааст, ки чаро доираҳои динӣ ва мақомоти интизомииТоҷикистон аз вуҷуди чунин як гурӯҳи исломӣ хабар надоранду маҳз расонаҳои хабарии русзабон ва Русия дар бораи он иттило доранд ва мегӯяд таркиши Хуҷандро ин гурӯҳи исломӣ ба ӯҳда гирифтааст?

Вай гуфт:«Ман гурӯҳеро бо ин ном нашунидаву дар борааш дар ягон ҷой ҳам нахондаам. Ба фикри ман, ин боз як кӯшиши рахна овардан ба ислом асту бас. Чунки ислом ҳаргиз чунин гурӯҳҳои хунин ва ҷиноятпешаро парвариш намекунад».

Аввалин ҳамла ба сабки Ал-Қоида

Ёдовар мешавем, ки таркиш дар маркази шаҳри Хуҷанд, субҳи рӯзи 3-уми сентябр ба вуқӯъ пайваст. Як мошини тамғаи "Волга" бо суръат ба дарвозаи шӯъбаи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ворид шуд ва таркид.

Бар асари инфиҷор шахси ҳамлавар, ҳамчунин ду корманди милиса кушта , 27 корманди дигари милиса ва ду ғайри низомӣ ҷароҳатҳои мухталиф бардоштанд.

Додситонии вилояти Суғд, дар мавриди таркиши субҳи ҷумъа дар шаҳри Хуҷанд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин парванда бо иттиҳоми даҳшатафканӣ, куштор ва истифода аз зӯр алайҳи намояндагони давлат боз шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон қаблан ин ҳодисаи таркишро ба ҷонибдорони Ҳаракати исломии Узбакистон рабт медоданд. Вале ин ҳаракати тундгаро, то ҳол дар робита ба ҳодисаи инфиҷор вокунише нишон надодааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG