Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама хостори ҳифзи ягонагии амрикоиҳо шуд


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, мардуми кишварашро ба ваҳдату ягонагӣ даъват кард. Паёми навбатии Обама ба мардуми Амрико дар нӯҳумин солгарди ҳамлаҳои террористӣ ба шаҳрҳои Ню-Йорк ва Вошингтон пахш шуд. Сарвари ИМА гуфт, ки "кишвари мо ҳоло давраи душворро паси сар мекунад. Ва тавре дар ҳамин гуна лаҳзаҳо иттифоқ меуфтад, афроде пайдо мешаванд, ки бо эҳсоси одамон бозӣ мекунанд, мехоҳанд моро ҷудову кӯр бисозанд ва ба ин хотир бештар рӯи фарқ миёни мо тамаркуз мекунанд ва на рӯи он омилҳое, ки моро бо ҳам мепайванданд. Аммо маҳз ҳоли ҳозир мо бояд беҳтарин сифатҳои худро намоиш диҳем, ба доми ин гуна найрангҳо наафтем. Мо бояд ҳамроҳ бошем, бояд паҳлӯ ба паҳлӯ мубориза барем. Мо намегузорем, ки сари мо тарс ҳукмрон бошад, мо онро бо умед ба фардо ва нақшаҳо бо хонаводаҳои худ, бо мардуми худ, бо фардои беҳтар барои худамон иваз хоҳем кард".
Қарор аст, ки Барак Обама имрӯз дар маросими ёдбуди қурбониёни ҳамлаҳои террористии рӯзи 11 сентябри соли 2001 дар Пентагон иштирок кунад. Дигар маросими ёдбуд дар шаҳри Ню-Йорк, дар макони биноҳои бар асари бархӯрди ҳавопаймоҳо харобшудаи Маркази ҷаҳонии тиҷорат, баргузор хоҳад шуд. Қарор аст, ки дар ин ҷо ному насаби тақрибан се ҳазор қурбонии ҳамлаҳои террористӣ ба Ню-Йорк ва Вошингтон қироат шавад. Дар маросим нойиби раисиҷумҳур Ҷо Байден ширкат хоҳад кард. Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар Ню-Йорк намоиши ҷонибдорон ва мухолифини бунёди масҷид дар дар ҷойи биноҳои фурӯрехтаи Созмони ҷаҳонии тиҷорат доир мешавад.
11 сентябри соли 2001 гурӯҳе чанд ҳавопаймои мусофирбарро рабуда, онҳоро ба биноҳои мӯҳташами Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва Пентагон заданд. Як ҳампаймои дигари рабудашуда дар аёлати Панселвания суқут кард.
XS
SM
MD
LG