Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирӣ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон


Бар асари як бархурди мусаллаҳона дар минтақаи Панҷ, дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон, як афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон кушта шудааст. Даргирӣ шаби 8-уми сентябр рух дода ва боиси кушта шудани теъдоде аз марзшиканон шудааст.

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Раёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ки бар асари як даргирӣ дар қитъаи Панҷи марзи Тоҷикистону Афғонистон 20 мусаллаҳи афғон ба ҳалокат расиданд

Ба иттилоъи расмӣ, марзбонҳои тоҷик гурӯҳи тақрибан 40-нафараи афроди мусаллаҳро шаби 8 сентябр дар ҷазираҳои рӯдхонаи Панҷ ошкор карданд.

Марзбонҳои тоҷик мегӯянд, ки афғонҳои мусаллаҳ аз таъқиби нерӯҳои байнулмилалии таҳти фармони НАТО дар ҷазираҳои рӯдхонаи Панҷ панаҳ бурдаанд. Аз ин задухӯрд мақомоти Афғонистон дар ҷараён гузошта шудаанд.

Аз ин пеш, хабаргузории маҳаллии “Азия-плюс” дар бораи зимни ин задухӯрд кушта шудани 7 афғони мусаллаҳ ва як прапоршики нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Сафарбек Қурбонов иттилоъ дода буд.

Марзбонҳо дар ҷойи ҳодиса теъдоди бузурги адабиёти ифротгароёнаи мазҳабиро пайдо карданд

Ҷойи ёдоварист, ки Тоҷикистон ва Афғонистон 1400 километр бо ҳам марзи муштарак доранд ва ҳодисаҳои марзшиканӣ сари ҳар чанд вақте рух медиҳад.
XS
SM
MD
LG