Пайвандҳои дастрасӣ

Обама аз қурбониёни ҳамлаҳо ба ИМА ёд хоҳад кард


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, имрӯз дар маросими ёдбуди қурбониёни ҳамлаҳои террористии рӯзи 11 сентябри соли 2001 дар Пентагон иштирок мекунад. Дигар маросими ёдбуд дар шаҳри Ню-Йорк, дар макони биноҳои бар асари бархӯрди ҳавопаймоҳо харобшудаи Маркази ҷаҳонии тиҷорат, баргузор хоҳад шуд. Қарор аст, ки дар ин ҷо ному насаби тақрибан се ҳазор қурбонии ҳамлаҳои террористӣ ба Ню-Йорк ва Вошингтон қироат шавад. Дар маросим нойиби раисиҷумҳур Ҷо Байден ширкат хоҳад кард. Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар Ню-Йорк намоиши ҷонибдорон ва мухолифини бунёди масҷид дар дар ҷойи биноҳои фурӯрехтаи Созмони ҷаҳонии тиҷорат доир мешавад.
Дар ҳамин ҳол созмони Афви байнулмилалӣ ё Амnesty International аз афзоиши ҷиноёт алайҳи мусалмонҳо ва боло рафтани рӯҳияи зиддиисломӣ дар Амрико изҳори нигаронӣ кардааст. Як намунаи ин гуна рӯҳия изҳороти ахири Терри Ҷонс, як рӯҳонии амрикоӣ дар бораи ба оташ афкандани нусхаҳои Қуръони маҷид аст. Ахиран Терри Ҷонс эълом дошт, ки нияти худро бознигарӣ кардааст ва барои музокирот бо роҳбарони ҷамои мусалмонҳо дар мавриди бунёди масҷид ба Ню-Йорк меравад. Рӯзи ҷумъа Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, зимни суханронӣ дар Вошингтон, аз амрикоиҳо даъват кард, ки аз ҷудоиандозиҳои мазҳабӣ парҳез кунанд.
11 сентябри соли 2001 гурӯҳе чанд ҳавопаймои мусофирбарро рабуда, онҳоро ба биноҳои мӯҳташами Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва Пентагон заданд. Як ҳампаймои дигари рабудашуда дар аёлати Панселвания суқут кард.
XS
SM
MD
LG