Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирори дастаҷамъии маҳбусон аз як зиндони Мексика


Аз зиндони шаҳри Рейнос, воқеъ дар шимоли Мексика, беш аз 80 маҳбус фирор карданд. Айни ҳол раиси зиндон ва чанд нозир боздошт шуда, мавриди пурсуҷӯ қарор доранд. Гуфта мешавад, ки бархе аз нозирон ба фирори маҳбусон мусоидат кардаанд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, бештари зиндониёни фироркарда аъзои гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухадиранд.
Ин аввалин ҳодисаи фирори оммавии маҳбусон аз маҳбасҳои аёлати Тамаулипаси Мексика нест. Моҳи август аз дигар маҳбаси ин аёлат 40 маҳбус фирор карда буданд.
XS
SM
MD
LG