Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар лӯлаи газ дар канори Машҳад


Бар асари таркиш дар хатти лӯлаи интиқоли газ дар шимолу шарқи Эрон 16 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи расмӣ, таркиш дар канори шаҳри Машҳад баъд аз он рӯх дод, ки як экскаватор иштибоҳан лӯлаи газро шикоф кард. Аз ин пеш хабаргузории Меҳр дар бораи ҳалокати ду нафар дар ин ҳодиса иттилоъ дода буд. Дар ҷойи таркиш корҳои таъмирӣ идома доранд.
XS
SM
MD
LG