Дар вилояти Лугари Афғонистон издиҳоми аз изҳороти қаблии рӯҳонии амрикоӣ дар бораи сӯзонидани Қуръони маҷид ба хашм омада як постгоҳи полис ва чандин мағозаро ба оташ кашиданд. Динмуҳаммад Дарвеш, як мансабдори маҳаллӣ гуфт, ки кормандони полис ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳамлаи издиҳом ба хонаи волии Лугар сӯи ҳаво тир андохтанд. Ба гуфтаи ӯ дар ин ҳодиса ба касе осеб нарасидааст. Рӯзи ҷумъа, бар асари ҳамин гуна намоиши эътирозӣ дар канори пойгоҳи низомии Олмон дар шимоли Афғонистон дасти кам се нафар маҷрӯҳ шуда буданд.