Пайвандҳои дастрасӣ

Ёдбуди қурбониҳои ҳамлаи террористӣ дар Амрико


Имрӯз дар ИМА аз қурбониёни ҳамлаҳои терористии нӯҳ соли пеш ёд меоваранд. Маросими ёдбуд дар шаҳри Ню-Йорк, дар ҷойи биноҳои рӯзи 11 сентябр харобшудаи Маркази ҷаҳонии тиҷорат, баргузор мегардад.
Дар арафаи 11 сентябр дар ИМА дар робита ба нақшаи бунёди масҷид дар макони ҳамлаи террористӣ баҳсҳо сурат гирифтанд. Ҳамзамон созмони Афви байнулмилалӣ ё Амnesty International аз афзоиши ҷиноёт алайҳи мусалмонҳо ва боло рафтани рӯҳияи зиддиисломӣ дар Амрико изҳори нигаронӣ кард. Як намунаи ин гуна рӯҳия изҳороти ахири Терри Ҷонс, як рӯҳонии амрикоӣ дар бораи ба оташ афкандани нусхаҳои Қуръони маҷид аст. Ахиран Терри Ҷонс эълом дошт, ки нияти худро бознигарӣ кардааст ва барои музокирот бо роҳбарони ҷамои мусалмонҳо дар мавриди бунёди масҷид ба Ню-Йорк меравад.
Рӯзи ҷумъа Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, зимни суханронӣ дар Вошингтон, аз амрикоиҳо даъват кард, ки аз ҷудоиандозиҳои мазҳабӣ парҳез кунанд.
XS
SM
MD
LG