Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ҷаҳонгарди амрикоиро озод накард


Танҳо чанд соат пас аз он, ки сӯхангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон «афв»-и як зани боздоштудаи амрикоиро дар Эрон бо пайгирии шахсии Маҳмуд Аҳмадинажод хабар дода буд, додситони Теҳрон гуфт, ба далели «адами тиббӣ шудани фароянди қазоӣ», ин шаҳрванди амрикоӣ озод карда намешавад.

Ба гузориши хабаргузории Эрон, додситони умумӣ ва инқилобии Теҳрон, шомгоҳи рӯзи ҷумъа хабари озодии Соро Шурд, зани боздоштшудаи амрикоӣ дар Эронро напазируфт.

Соро Шурд озод намешавад

Додситони Теҳрон дар ин бора гуфтаст: « Ба далели адами тиббӣ шудани фароянди қазоӣ дар парвандаи муттаҳами амрикоии ёдшуда, озодии вай, ки бархе сайтҳои хабари эълом кардаанд, радшуда аст».

Ин дар ҳоле аст, ки рӯзи ҷумъа ва танҳо чанд соат пеш аз суханони додситони Теҳрон дар ин бора, Ромин Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон аз «афв ва озодии Соро Шурд ба муносибати фаро расидани иди Фитр» хабар дода буд.

Вай дар ин бора гуфта буд : «Бо таваҷҷуҳ ба пайгириҳои шахси раёсати ҷумҳур ва бо таваҷҷуҳ бо асли раъфати исломӣ ва нигоҳи вижаи ҷумҳурии исломӣ ба ҷойгоҳи занон, дар остонаи Иди саиди Фитр тасмим ба озодии эшон гирифта шуд».

Ин дар ҳолест, ки додситони Теҳрон бо рад кардани ин хабар гуфта аст: «Хабари мунташира мавриди таъиди дастгоҳи қазоӣ намебошад ва табъан ҳаргуна тасмим дар бораи муттаҳамони ёдшуда вобаста ба сипарӣ шудани мароҳили қазоӣ хоҳад буд».

Бар асоси гузориши хабаргузориҳои дохилии Эрон, қарор буд ин шаҳрванди амрикоӣ, ки гуфта мешавад ба иллати бемори ниёзманди хадамоти пизишки низ ҳаст, рӯзи шанбе дар маросиме дар сохтмони ҳофизияи маҷмуъаи Саъдобод, бо ҳузури муовини аввали Аҳмад Маҳмудинажод озод шавад

Боздошти ин се шаҳрванди амрикоӣ ҳамзмон бо авҷи эътирозҳои ба натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳури дар Эрон сурат гирифта буд, ки ба думболи он, раҳбарони ҷумҳурии исломӣ кишварҳои ғарбӣ ба вижа ИМА ва Бритониёро ба ҳимоят аз муътаризон муттаҳам мекарданд.

Боздошти бидуни муҳокима

Дар ин миён дар ҳоле, ки ба гуфтаи мақомҳои минтақаи худмухтори Курдистони Ироқ ин се шаҳрванди амрикоӣ дар хоки Ироқ боздошт шуда буданд, пас аз муддатҳо бехабарӣ аз сарнавишти онҳо, саранҷом додситони Теҳрон онҳоро ба ҷосусӣ муҳкум кард.

Ин иттиҳом чанде баъд аз сӯи соири мақомҳои эронӣ, аз ҷумла вазири иттилооти ҷумҳурии исломӣ низ такрор шуд.

Дар муқобил, мақомҳои давлати ИМА ва хонаводаҳои ин се ҷавони амрикоӣ, иттиҳомҳои ворида аз сӯи мақомҳои эрониро бепоя хонда хостори озодии фаврии боздоштшудагон шудаанд.

Дар ин миён дар ҳоле, ки беш аз як сол аз боздошти бидуни муҳокимаи се шаҳрванди амрикоӣ дар Эрон мегузарад, рӯзи панҷшанбе бархе аз хабаргузориҳои байналмиллалӣ аз эҳтимоли озодии яке аз ин боздоштшудагон хабар доданд.

Бар асоси ин гузоришҳо, вазорати иршоди Эрон ба намояндагони расонаҳои хориҷӣ мустақар дар Эрон хабар дода буд, ки маросими озодии Соро Шурд соати 9-и субҳи рӯзи шанбе дар меҳмонхонаи «Истиқлол»- Теҳрон баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG