Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз 2 тан аз маҳбусони фирориро боздошт кардаанд


Мақомоти Тоҷикистон дар бораи боздошти боз 2 тан аз 25 маҳбусе, ки шаби 23 август аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ фирор карда буданд, хабар доданд. Боздоштшудагон яке Зайдуллоҳ Азизов, зодаи ноҳияи Даровз ва дуввумӣ Муҳаммад Аҳмадов аз Доғистони Русия будаанд. Бино ба хабарҳо, Аҳмадов дар наздикии бозори “Шоҳмансур” ва Азизов дар маҳаллае дар ҳошияи Боғи Ғалаба дастгир шудаанд. Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи кумитаи амният ба радиои Озодӣ гуфт, ин ду нафарро маъмурони ин кумита бо кӯмаки сокинони маҳаллӣ ба даст овардаанд.
25 маҳбус, ки аксараш дар иртикоби нооромиҳои тобистони соли гузашта дар Тавилдара ҳукми зиндон доштанд, шаби 23 август дар пайи қатли 5 зиндонбон фирор карданд. То кунун аз ин шумор 2 нафар – маҳбуси собиқи Гуантанамо Иброҳим Насриддинов ва Абдурасул Мирзоев, бародари генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев, дастгир карда буданд. Бо боздошти Зайдуллоҳ Азизов ва Муҳаммад Аҳмадов 21 маҳбуси дигар адр ҳоли фирор боқӣ мемонанд.
XS
SM
MD
LG