Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 6 тан дар даргириҳои Доғистон


Даргириҳо байни нирӯҳои пулис ва ҷангиён дар ҷумҳурии Доғистони Русия 6 кушта ба ҷо гузошт. Вазорати умури дохилаи ин ҷумҳурии ошӯбзадаи Қафқози шимолӣ гуфт, ки пулис 4 чирикиро дар ҷараёни як амалиёт дар рустои Махарҷӣ ба ҳалокат расонд. Дар ҳамалоти алоҳида дар Доғистон як ходими пулис ва як зиндонбон ҳам кушта шудаанд.
Хушунатҳои рӯзи ҷумъа ба дунболи бомбгузории интиҳории рӯзи панҷшанбе дар бозори Владикавказ, пойтахти Осетияи шимолӣ, яке дигар аз ҷумҳуриҳои Қафқози шимолист, ки дастикам 17 кушта ва беш аз 140 захмӣ ба ҷо гузошт.
XS
SM
MD
LG