Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонии эрониро ба додгоҳи инқилоб хондаанд


Як донишманди маъруфи рӯҳонӣ дар Эрон гуфт, ки бояд ҳафтаи оянда ба додгоҳи инқилоб ҳозир шавад. Аҳмад Қобил моҳи декабри соли гузашта дар роҳи ба сӯи маросими дайни оятуллоҳи маъруфи дигарандеш Ҳусейналии Мунтазирӣ боздошт шуда, то раҳияш дар ивази пули гарав 170 рӯзро дар зиндони Вакилободи Машҳад ба сар бурд. Аҳмад Қобил гуфт, ки мақомот мехоҳанд ӯро пиромуни фаъолиятҳояш дар пайи раҳоӣ аз боздошт бозпурсӣ кунанд. Ӯ афзуд, ки дар мусоҳибаҳои худ пиромуни ҷараёни таҳқиқи парвандааш ва иҷрои чанд ҳукми эъдоми ахир дар зиндони Вакилобод сӯҳбат кардааст.
Аҳмад Қобил соли 2001 дар пайи нашри як номаи саркушодаи интиқодӣ ба раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ низ боздошт шуда, 125 рӯзро пушти панҷараи зиндони Эвини Теҳрон сипарӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG