Пайвандҳои дастрасӣ

Дар фосилаи начандон дуре аз нуҳумин солгарди шаҳодати сипаҳсолори настуҳ Аҳмадшоҳ Масъуд қарор дорем. Дуруст, нуҳ сол қабл, дар яке аз рӯзҳои зебои поизӣ, ӯ ба дасти ду зархариди гумоштаҳои қудратҳои минтақавӣ ва фароминтақавӣ ҷоми шаҳодатро нушбод кард.

Муаллиф: Муҳаммад Вафо

Марде, ки мардона зист ва мардона аз ин дунё рафт. Марде оҳанин, ки душманонаш фотеҳи ҷанги сард хондандаш ва дар тӯли умри кӯтоҳи 49-сола, шарафмандона зист ва ҷуз офаридгори якто ба касе сари таъзим фуруд наовард.

Марде, ки бо ёрони вафодорош дар тӯли 29 соли рӯёрӯиҳои нобаробар, лашкари абарқудрати вақти Шӯравиро ба тамоми созу барги низомияш ба зону даровард ва баландпарвозиҳои толибнамоҳо ва пуштибонони беруниашонро ба хоки тира яксон намуд.

Марде, ки шарафмандона пайкор кард ва ба шаҳодат расид то миллате зинда бимонад. Бозмондае аз аёрони Хуросонзамин Абумуслим ва Ҳабибулло -ходими дини расуллулоҳ.

Талу теппаҳои Панҷшеру Бадахшон, Кописову Парвон, Фархору Тахористон нишонаҳое аз пайкорҳои Масъуд дорад.

Қуллаҳои шомихи Ҳиндукуш ҷасади ӯро дар қалби худ ҷой додааст.

Масъуд рафт вале мактаби шуҷоъату озодманишиниро аз худ ба ёдгор гузошт. Мактабе, ки решаи он дар жарфои фарҳанги ин куҳандиёр нуҳуфтааст.

Шахсияти Масъуд мунҳасир ба фард буд. Шахсияти чандбуъдӣ ва нотакрор дар навъи худ:

1. Масъуди сипаҳсолор: Марде дорои мактаби хоси ҷангҳои чирикӣ дар шароити хос, ки имрӯз дар илми ҷангшиносӣ аз он ба унвони муваффақтарин услуби ҷангӣ ном мебаранд. Марде, ки дар душвортарин лаҳзаҳо ба зургӯии ҳарифонаш тан надод ва ба пайкор идома дод.

2. Масъуди давлатмард: Марде ки таърихи сиёсии се даҳаи Хуросонзамин бо номи ӯ гиреҳ хурдааст. Марде, ки дар фарозу нишебҳои рӯзгори бемеҳр ва дар баҳбуҳаи бозиҳои хатарноки қудратҳои минтақавӣ ва фаромантақавӣ ҳарфи аввалро мегуфт.

3. Масъуди суфӣ ва ориф: Марде ки дар душвортарин лаҳзаҳо аз донишандузӣ канорагирӣ накард ва пайваста ҳатто дар сангарҳои доғи ҷиҳоду муқовимат, донишмандонро бо худ дошт. Ошиқи Мавлавӣ ва Ҳофиз буд ва аз ашъори Алломаи Машриқ лаззат мебурд.

Намедонам ки оё бо кадомин ном ёдашро
Гироми бод бинвисам
Ба номи фотеҳи воло
Ва ё мағруру боғайрат
Ва ё шамшердори бошаҳомат
Намедонам!
Ба номи марди ошиқ ё суруди сабзи озодӣ
Ва ё яктои майдони набарду ҷанг
Намедонам!
Саропо хубу беҳамтост, медонӣ?
Ва ман шояд, ки оҷиз бошам аз ташреҳи номи ӯ.


Нуҳумин солгарди шаҳодати пуршаҳомати ин фармондеҳи сарафрозро ба ҳама пайравони мактаби Масъуд ва дӯстдорони ин сипаҳсолори фақид тасаллият мегӯем.

Солҳо бояд сабр кард то модари даҳр фарзанде чун Масъуд бизояд. Равони поки сипаҳсолори азизи мо дар осмонҳо ҳамнишини қудсиён бод!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG