Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори омодагии Косово ба музокирот бо Сербистон


Вазири хориҷаи Косово Искандар Ҳусейнӣ гуфт, Приштина барои музокироте бо Сербистон омода ҳаст, ки “вижаи масоили ҳамкорӣ дар заминаи манофеъи тарафайн бошад.”
Маҷмаъи умумии СММ ахиран тарҳи қатъномаи аз сӯи Сербистон ҳимоятшударо, ки ба гуфтугӯ миёни Белград ва Приштина даъват мекунад, тасвиб кард. Музокироти таҳти пуштибонии ИА дар ин замина нахустин гуфтугӯи мустақими ин ду ҷониб аз соли 1999, аз замони аз таҳти назорати Сербистон хориҷ шудани минтақаи умдатан албанишини Косово хоҳад шуд.
Косово дар моҳи феврали соли 2008 расман эъломи истиқлол кард.
XS
SM
MD
LG