Пайвандҳои дастрасӣ

Кашфи бадрафториҳои ҷинсӣ дар калисоҳои Белгия


Куммиссиюни таҳти ҳимояти калисои католикии Белгия дар бораи садҳо мавриди кашфшудаи бадрафтории ҷинсӣ нисбат ба ноболиғон дар тақрибан ҳамаи ҷамоатҳои динии ин кишвар гузориш додааст. Куммиссиюн мегӯяд, тайи 6 моҳи соли ҷорӣ 475 шикоят дарёфт кардааст, ки бештараш мавориди педофилия, ё худ бачабозӣ, аз солҳои 50-ум то поёни солҳои 80-умро дар бар мегирад. Ба ин бадрафториҳо рӯҳониён, устодони мадорис ва калонсолоне, ки бо ҷунбишҳои навҷавонон кор мекарданд, муттаҳам мешаванд. Гузориши 200-саҳифаии ин куммиссиюн бозпурсии 124 қурбонии чунин мавориди бадрафтории ҷинсиро бидуни бурдани номи онҳо низ фаро гирифтааст. Гузориш мегӯяд, аксари онҳо аз синни 12 мавриди чунин бадрафториҳо қарор гирифтаанд, вале як қурбонӣ ҳамагӣ 2 сол дошта, 18 тани дигар зери синни 7 будаанд.
XS
SM
MD
LG