Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирозҳои нав алайҳи қасди сӯзондани "Қуръон"


Рӯзи ҷумъа дар саросари Афғонистон ба нишони эътироз ба қасди сӯзондани “Қуръон” аз сӯи як калисои амрикоӣ раҳпаймоиҳо барпо шуданд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, бар асари болои издиҳом тир андохтани нирӯҳои шахсии амниятӣ дар Файзобод, маркази вилояти Бадахшон 3 нафар захмӣ шуданд. Тазоҳургарон дар Файзобод баъд аз намози иди Фитр ба кӯчаҳо рехта, алайҳи як пойгоҳи нирӯҳои олмонии таҳти фармони паймони низомии НАТО сангандозӣ кардаанд.
Қасди як калисои хурд дар Флорида ба сӯзондани “Қуръон” дар солгарди ҳамлаҳои 11 сентябр мавҷи маҳкумиятҳои байналмилалиро ба бор овард. Террӣ Ҷонс, роҳиби калисои Dove World гуфт, ки нақшаи сӯзондани китобҳои “Қуръон” дар солгарди ҳамлаҳои 11 сентябрро танҳо мутаваққиф карда, аммо лағв накардааст.
XS
SM
MD
LG