Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев: Роҳзанонро дар Қафқоз аз байн хоҳанд бурд


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев гуфт, роҳзанон дар Қафқози шимолӣ бояд аз байн бурда шаванд. Ин баёнияи Медведев, ки дар як ҳамоиши таҳлилгарони сиёсӣ дар Ярославл садо дод, ба дунболи бомбгузории маргталабонаи рӯзи панҷшанбест, ки дар бозори шаҳри Владикавказ дастикам 17 кушта ва беш аз 100 захмӣ ба ҷо гузошт. Рӯзи ҷумъа ба ёди қурбониёни ин ҳамла дар ҷумҳурии Осетияи шимолӣ рӯзи мотами саросарӣ эълон шуд. Раҳбари хадамоти амнияти федеролии Русия Александр Бортников шоми панҷшанбе эълон кард, ки бо гумони даст доштан дар ҳамлаи Владикавказ 3 нафар дастгир шудаанд. Масъулияти ин бомбгузориро то кунун ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG