Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Литва ба даври ниманиҳоии Ҷоми баскетбол роҳ ёфт


Тими Литва дар даври чаҳорякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии баскетбол дар Истамбули Туркия бар Аргентина бо натиҷаи 104-85 пирӯз шуда, барои бори нахуст ба даври ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ роҳ ёфт. Ҳарифи Литва дар марҳалаи ниманиҳоӣ тими Амрикост, ки дар бозии чаҳорякниҳоӣ бар Русия бо ҳисоби 89-79 ғолиб омад. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ мизбони мусобиқот, тими Туркия бо Сербистон вориди рақобат хоҳад шуд.
Бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонии баскетбол рӯзи шанбе ва бозии ниҳоияш рӯзи якшанбе барпо хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG