Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳар 40 сония 1 нафар худкушӣ мекунад


10 сентябр Рӯзи ҷаҳонии ҷилавгирӣ аз худкушист. Ҳадаф аз эълони ин рӯз тавзеъи маълумот дар бораи падидаест, ки ҳар сол тақрибан ҷони 1 миллион нафарро дар ҷаҳон мегирад.
Созмони ҷаҳонии беҳдошти СММ мегӯяд, дар ҳар 40 сония 1 нафар даст ба ҷони худ мезанад. Ба ҳисоби ин созмон, тайи 45 соли охир мизони худкушӣ дар дунё 60 дарсад боло рафтааст.
Баландтарин мизони худкушӣ дар Аврупои шарқӣ ва Шӯравии собиқ ва ҳамин тавр, дар бархе кишварҳои қораи осиё, аз ҷумла Чину Ҷопон, сабт шудааст.
Дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 200 қасди худкушӣ сабт шуда, аксари ин маворид дар вилояти Суғд иттифоқ уфтодааст.
XS
SM
MD
LG