Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 3 чирикӣ бар асари ҳамлаи ҳавоии НАТО


Паймони низомии НАТО мегӯяд, бар асари ҳамлаи ҳавоии нирӯҳои эътилоф дар улусволии Мусаҳии вилояти Кобул як фармондеҳи чирикиҳо бо ду тан аз ёронаш кушта шуданд. Нурмуҳаммад ба таҳияи бомбгузориҳо дар Кобул дар пешорӯи интихоботи парлумонии рӯзи 18 сентябр гумонбар мешуд. НАТО мегӯяд, ин ҳамлаи ҳавоӣ шабона ва дар пайи мутмаин шудани онҳо ба адами ҳузури афроди мулкӣ дар он мавзеъ анҷом шуд.
Толибон мардумро аз ширкат дар интихоботи қарибулвуқӯъ ҳушдор дода, гуфтаанд, ки қитъаҳои раъйдиҳиро дар саросари Афғонистон ҳадафи ҳамла қарор хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG