Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази исломии Тоҷикистон аз нав таъсис хоҳад шуд


Абдураҳим Холиқов, раиси кумитаи дини Тоҷикистон рӯзи ҷумъа баъд аз анҷоми намози ид дар масҷиди марказии Душанбе гуфт, ба дунболи анҷоми сабти номи масоҷид Маркази нави исломии Тоҷикистон таъсис ва сабти ном хоҳад шуд.
Маъруфуллоҳ Раҳимов, кафили раёсати Маркази исломӣ аммо гуфт, Маркази нав амалан дар заминаи Маркази феълӣ, муфтиёти собиқи Тоҷикистон ташкил хоҳад шуд. Ҳаққи таъсиси Маркази исломии Тоҷикистон аз они масоҷиди ҷомеъи шаҳру навоҳист. Зарурати сабти номи дигарбораи ин масоҷид ва Маркази исломӣ аз қонуни нави дини Тоҷикистон бармеояд, ки соли гузашта тасвиб шуд.
XS
SM
MD
LG