Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳои Ҳилларӣ Клинтон ба 18 моҳи кори Барак Обама


Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷии Амрико
Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷии Амрико

Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷии Амрико, таҳримҳои нави СММ алайҳи Эрон ва гуфтушунидҳо дар мавриди паймони нави коҳиши таслиҳоти ҳастаӣ миёни Русия ва Амрикоро аз дастовардҳои сиёсати хориҷии ҳукумати президент Барак Обама унвон кард.

Рӯзи чоршанбе зимни суханронӣ дар Шӯрои равобити хориҷии ИМА Клинтон марҳилаҳои муҳими дипломатии 18 моҳи гузаштаро номбар карда гуфт, ки кӯшишҳои маъмурияти Барак Обама ба хотири бахшидани неруи тоза ба робитаҳояш бо ҳампаймонон самаранок будааст:

“Баъд аз беш аз якуним сол мо суди ин стратегияро дида истодаем. Мо манфиатҳои Амрикоро тавсеа дода дар баъзе чолишҳои фишоровартарин ба пешравӣ ноил шудем. Имрӯз мо бо итминон метавонем гуфт, ки ин намунаи пешвоии Амрико, ки ба мо имкон медиҳад ҳар як абзорро ба манфиати миллатамон истифода барем, кор мекунад. Ин намуна ё модел дар ин дунёи хатарнок ба мо имккон медиҳад умедҳои хушбинона дошта бошем.”

Ин суханони Ҳилларӣ Клинтон дар ҳасостарин замон барои ҳукумати президент Обама садо дод. Мизони маҳбубияти Обама миёни аҳолӣ бесобиқа поин рафта ҳизби демократ кӯшиш дорад дар интихоботи миёндавраии парлумонии моҳи ноябр бохташро камтар кунад.
Амрико тавонист Русияву Чин - ду узви доимии Шӯрои амнияти СММ-ро водор кунад, то таҳримҳои нав алайҳи Эронро дастгирӣ кунанд
ДАСТОВАРДИ УМДАИ ОБАМА – ТАҲРИМҲО АЛАЙҲИ ЭРОН


Дипломати аршади Амрико эълом намуд, ки ҳадди ақал дар арсаи сиёсати хориҷӣ Кохи сафед ба комёбиҳо ноил шудааст ва тамоми кишварҳои ҷаҳон пеш аз ҳама ба Амрико ҳамчун пешвои ҷаҳонӣ менигаранд.

Миёни умдатарин дастовардҳои Кохи сафед дар ин арса Клинтон эъмоли таҳримҳои нави байналмилалиро алайҳи Эрон номбар кард. Баъд аз моҳҳои музокирот Вашингтон тавонист Русияву Чин - ду узви доимии Шӯрои амнияти СММ-ро водор кунад, то ки эъмоли таҳримҳоро дастгирӣ кунанд.

Кишварҳои Ғарб дар сулҳомез будани барномаи ҳастаии Эрон шубҳа доранд ва мегӯянд, ки Теҳрон мехоҳад силоҳи атомӣ тавлид кунад. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Теҳрон ҳамаи ин иддаҳоро қатъиян рад мекунанд.

Ҳилларӣ Клинтон афзуд, ки бо вуҷуди таҳримҳо имкони ҳал шудани ин қазия аз роҳи дипломатӣ ҳамоно боқӣ мемонад.

ИМЗОИ ПАЙМОНИ НАВИ ҲАСТАӢ БО РУСИЯ

Дигар дастовардӣ бузург аз нигоҳи вазири корҳои хориҷаи Амрико ин имзои паймони нави коҳиши таслиҳоти ҳастаӣ ё СТАРТ бо Русия мебошад. Ин санад аз ҷониби президентҳои ду кишвар Дмитрий Медведев ва Барак Обама моҳи апрел дар Прага ба имзо расид.

Паймони ҷадид баъд аз музокироти тӯлонии дипломатҳои Русияву Амрико ба имзо расида ҷойгузини паймони қаблии СТАРТ шуд, ки ҳанӯз соли 1991 байни Маскаву Вошингтон имзо шуд. Этибори қарордоди қаблӣ ҳоло дар моҳи декабри соли 2009 поён ёфта буд.

Азсаргирии муносиботи Русияву Амрико, ки Обама баъд аз омаданаш ба Кохи сафед эълон карда буд, натиҷаҳои мусбати дигар низ ба бовр овард. Ва яке аз умдатаринаш розигии Русия ба транзити муҳимот ва артиши Амрико аз тариқи қаламраваш ба Афғонистон аст.

ВОКУНИШИ МУХОЛИФИНИ ОБАМА

Аммо ҷумҳурихоҳон мегӯянд, ки коҳиши зарродхонаҳои Амрико кишварро заиф хоҳад кард ва ба тасвиби паймони СТАРТ дар конгресу сенат мухолифат мекунанд. Ҳилларӣ Клинтон ба вакилони парлумон муроҷиат намуда, аз онҳо хостааст, ихтилофҳои байниҳизбиро канор гузошта санади мазкурро ба тасвиб расонанд.

Вазири корҳои хориҷӣ бори дигар такрор намуд, ки ҳамкории наздик бо Русия дар баъзе бахшҳо маънои онро надорад, ки Вошингтон мавҷуд будани ихтилофҳоро инкор мекунад ва ё дар ивази беҳбуди равобит бо Маскав аз уҳдадориҳо дар назди ҳампаймононаш даст мекашад.

“Вуҷуди ихтилофҳо ногузир аст. Дар баъзе мавзӯъҳои мушаххас назири риояи ҳуқуқи башар дар Чин ё ишғоли Гурҷистон аз ҷониби Русия мо тамоман розӣ нестем ва ИМА ҳамеша дар ин бора кушоду возеҳ эълом дорад ва аз мавқеъи худ ҳимоят мекунад. Ҳангоме ки ин давлатҳо намехоҳанд масъулиятро бар души худ бигиранд, мо барои он, ки онҳо самташонро тағйир диҳанд, тамоми кӯшишамонро ба харҷ хоҳем дод ва ҳамроҳ бо ҳампаймонони худ фишор хоҳем овард.”

Ҳилларӣ Клинтон зимни ин суханрониаш дар бораи Ироқу Афғонистон зиёд сӯҳбат накард ва аммо гуфт, ки ҷанги Афғонистон, ки қариб нӯҳ сол идома дорад, ҳамеша аз авлавиятҳои Вошингтон аст.
XS
SM
MD
LG