Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар Ӯш як тамрингоҳи низомӣ хоҳад сохт


Вазорати дифоъи Русия эълон кардааст, ки мехоҳад дар наздикии шаҳри Ӯш як тамрингоҳи муштарак барои нирӯҳои Русияву Қирғизистон бунёд кунад. Вазири дифоъи Русия Анатолий Сердюков гуфт, ҳамтои нави қирғизаш генерал Ҳабибуллоҳ Худойбердиевро ба хотири баррасии ин барнома ба Маскав даъват кардааст. Дар ин мулоқот, ки рӯзи 13 сентябр доир мешавад, ғолибан масъалаи тамдиди замони иҷораи пойгоҳи низомии Русия дар Қирғизистон низ баррасӣ хоҳад шуд.
Феълан дар ҳошияи фурудгоҳи Манаси Қирғизистон Амрико низ як пойгоҳи низомӣ дорад, ки барои таъмини нирӯҳои эътилоф дар Афғонистон истифода мешавад. Вошингтон низ қаблан пиромуни таъсиси як тамрингоҳи низомӣ дар ҷануби Қирғизистон хабар дода буд.
XS
SM
MD
LG