Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлил аз иди Фитр дар Тоҷикистон


Имрӯз, 9 сентябр дар бисёре аз кишварҳои мусалмонӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ иди саиди Фитрро таҷлил мекунанд. Бархе кишварҳои дигар, бо шумули Туркияву Русия иди Фитрро, ки аз поёни моҳи шарифи Рамазон дарак медиҳад, рӯзи панҷшанбеи 9 сентябр ҷашн гирифтанд.
Шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки маъмулан ҳар сол дар намози ид дар масҷиди марказӣ ширкат мекард, имсол ҳузур надошт. Аз номи ҳукумат имсол раиси Кумитаи дин Абдураҳим Холиқов мардумро ба рӯзи ид табрик гуфт. Дар арафаи иди Фитр раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар як паёми идона мардумро ба саховатмандӣ ва таҳаммулпазирӣ даъват кард ва гуфт, аввалин амали нек, ки дар рўзи иди Фитр бояд анҷом гирад, додани садақа ба ятимону дармондагон ва бечорагону мўҳтоҷон аст.
XS
SM
MD
LG