Пайвандҳои дастрасӣ

Бино бар гузориши Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 60 000 нафар даст ба худкушӣ мезананд ва 3 000 нафари онҳо дар натиҷаи ин амал ҷон медиҳад. Ин ниҳод мегӯяд, мизони худкушӣ дар ҷаҳон дар панҷ даҳаи гузашта 60 дарсад боло рафтааст ва ҳоло ҳар сол наздик ба 1 миллион нафар худро мекушанд.

Афзоиши ин мизон бештар дар Аврупои Шарқӣ, кишварҳое монанди Литва, Беларус, Русия, Словения, Маҷористон ба мушоҳида расида, аммо бештарини шумораи худкушиҳо дар Осиё, дар кишварҳое назири Чин, Ҳиндустон ва Ҷопон сабт шудаанд.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ин гузоришро имрӯз, 10-уми сентябр, дар Рӯзи ҷаҳонии пешгирӣ аз худкушӣ нашр кардааст ва мегӯяд, дар ҳар 40 сония дар дунё як талоши худкушӣ ба вуқӯъ мепайвандад.

Мизони худкушӣ дар Тоҷикистон

Худкушӣ солҳои охир дар Тоҷикистон низ афзоиш пайдо кардааст. Бино бар омори расмӣ, агар дар соли 2009 зиёда аз 300 нафар худро кушта бошанд, дар шаш моҳи соли равон шумораи онҳое, ки худро аз ҷони хеш маҳрум карданд, аз 200 нафар гузаштааст.

Масъулони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон мегӯянд, бештари мавридҳои худкушӣ дар вилояти Суғд, шимоли кишвар, сабт шудааст. Бар қавли онҳо, дар соли гузаштаи 2009 дар ин вилоят бештар аз 170 мавриди худкушӣ ва беш аз 80 мавриди талош барои худкушӣ ба қайд гирифта шудааст.

Аммо ҳоло ин арқом дар ин вилоят афзоиш дорад ё коҳиш меёбад? Бо ин ва чанд суоли дигар, муҷрии барномаи мо дар Душанбе, ҳамкорам Каюмарси Ато ба Раъно Бобоҷонова, коршиноси масоили ҳуқуқи занон ва як масъули созмони “Чашмаи ҳаёт” дар Хуҷанд муроҷиат кард:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG