Пайвандҳои дастрасӣ

Нақшаи сӯзондани Қуръон "фақат мавқуф" гузошта шудааст


Роҳиби калисои насронии аёлати Флоридаи Иёлоти Муттаҳида эълон кард, ки нақшаи сӯзонидани китоби муқаддаси мусулмонон, Қуръонро дар рӯзи шанбе, дар солгарди ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001, мавқуф гузоштааст. Ин нақшаи роҳиб Террӣ Ҷонс, аз тарафи Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама ва сарварони сиёсию мазҳабӣ аз саросари ҷаҳон интиқод шуд. Пештар Ҷонс гуфт, вай дар ивази ризоияти раҳбари нақшаи бунёди масҷид дар минтақаи Маркази Ҷаҳонии Тиҷорат ба лағви тарҳаш аз нақшаи сӯзондани Қуръон даст кашид."Имом розӣ шуд, масҷидашро ба ҷои дигар барад. Мо ҳам нақшаи худро лағв кардем. Ва рӯзи шанбе ман ба Ню Йорк парвоз мекунам, то бо имом мулоқот намоям."

Аммо баъд аз он ки имоми Ню Йорк, Файсал Абдулрауф, ҳама гуна муомиларо бо Ҷонс рад кард, Ҷонс гуфт, ӯро имоми Флорида ғалат роҳнамоӣ кардааст. Вай афзуд, нақшааш танҳо мавқуф гузошта шуда, лағв нагаштааст. Ҳанӯз соатҳое пеш аз лағви нақшаи сӯзондани Қуръон сафирони кишварҳои Созмони Конфаронси Исломӣ дар Созмони Милал дар изҳороте ин тарҳро маҳкум карданд. Тоҷикистон, раиси давраии Созмони Конфаронси Исломӣ, ташаббускори ин изҳороти дастаҷамъона буд.
XS
SM
MD
LG