Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шубҳаи Амрико ба кашфи махфигоҳи ҳастаӣ дар Эрон


Хабаргузориҳо ба нақл аз мақомоти расмии Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, иттилои мухолифони режими Эрон дар бораи кашфи як иншооти махфии ҳастаии Эрон барояшон шубҳабарангез аст. Алиризо Ҷаъфарзода, сухангӯи пешини Шӯрои миллии муқовимати Эрон, ки Созмони Муҷоҳидини Халқро низ дар бар мегирад, дар нишасти хабарӣ дар Вошингтон гуфт, тарафдорони ӯ як иншооти махфии ҳастаиеро дар байни кӯҳҳо дар шимолуғарби Теҳрон кашф кардаанд, ки марбути Вазорати дифои Эрон будааст. Созмони Муҷоҳидини Халқ мегӯяд, Эрон ба бунёди ин пойгоҳ дар Абйек, 120-километрии Теҳрон, дар соли 2005 оғоз кардааст. Аммо намояндагони расмии Иёлоти Муттаҳида ба хабаргузориҳо гуфтаанд, мавҷудияти ин пойгоҳ солҳост, барояшон маълум будааст ва ҳоло далеле надоранд, ки онро ба фаъолиятҳои ҳастаии Эрон пайванд диҳанд.
XS
SM
MD
LG